Суҳбати вазирон доир ба қазияи занозанӣ дар оромгоҳи Хованское



Бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳодисаҳои задухӯрди гурӯҳи ҷинояткорон дар қабристони Хованскии Внуковои шаҳри Москва ду маротиба гуфтугӯи телефонии вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Р.Ҳ. бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми гуфтугӯ масъалаҳои ҳамкории байниҳамдигарӣ дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, мубодилаи ахбор оиди ҷинояткорон ва дидани чораҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба дастгир намудани ҷинояткорон баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, барои ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинона бурдани корҳои оперативӣ-тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Россия генерал-майори милитсия Азизов А.К. ва Хадамоти махсуси Тоҷикистон бо супориши вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. ба гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Москва шомил карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми сӯҳбати телефонӣ ба мувофиқа расиданд, ки то дастгир намудани ҷинояткорон ҳамкориҳои тарафайн дар ин ҷода идома меёбанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май

дар занозании оромгоҳи Хованское

дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шуда, беш аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное