Суҳбати вазирон доир ба қазияи занозанӣ дар оромгоҳи Хованское

Бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳодисаҳои задухӯрди гурӯҳи ҷинояткорон дар қабристони Хованскии Внуковои шаҳри Москва ду маротиба гуфтугӯи телефонии вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Р.Ҳ. бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми гуфтугӯ масъалаҳои ҳамкории байниҳамдигарӣ дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, […]

ASIA-Plus



Бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳодисаҳои задухӯрди гурӯҳи ҷинояткорон дар қабристони Хованскии Внуковои шаҳри Москва ду маротиба гуфтугӯи телефонии вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Р.Ҳ. бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми гуфтугӯ масъалаҳои ҳамкории байниҳамдигарӣ дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, мубодилаи ахбор оиди ҷинояткорон ва дидани чораҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба дастгир намудани ҷинояткорон баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, барои ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинона бурдани корҳои оперативӣ-тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Россия генерал-майори милитсия Азизов А.К. ва Хадамоти махсуси Тоҷикистон бо супориши вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. ба гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Москва шомил карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми сӯҳбати телефонӣ ба мувофиқа расиданд, ки то дастгир намудани ҷинояткорон ҳамкориҳои тарафайн дар ин ҷода идома меёбанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май

дар занозании оромгоҳи Хованское

дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шуда, беш аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.