Суди Пресненскии шаҳри Маскав 9 нафарро ба гумони даст доштан дар ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав боздошт намуд.
Хабаргузории
ТАСС
менависад, вобаста ба нақшашон ҳар кадоме аз онҳо ба куштори ду нафар ё зиёда аз он одамон, нигаҳдории ғайриқонунӣ ва интиқоли аслиҳа гумонбар дониста мешаванд. Намояндаи Кумитаи тафтишот дар суд гуфтааст, айни замон ҳавасмандии молиявӣ ҳамчун яке аз мақсадҳои асосии ҷиноят баррасӣ мешавад.
Собиқ корманди хадамоти посбонии ШВКД-и Маскав дар ноҳияи Хамовники Никита Мошенко низ аз ҷумлаи ҳабсшудагон аст, ки ӯро низ чун дигарон тафтишот дар авбошӣ гумонбар медонад (қ. 2, моддаи 213 КҶ ФР).
Суд дархости тафтишотро қонеъ намуда, дар бораи нисбати Мошенко татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс ба муддати 2 моҳ, яъне то 14-уми июл қарор карда, нисбати боз ду гумонбари дигар бобати чораи пешгирӣ имрӯз, 17 май тасмим гирифта мешавад.
Дар ҳамин ҳол,
«Эхо Москвы»
иттилоъ медиҳад, ки суди Преснненскии Маскав рӯзи 16 май оид ба ҳабси собиқ директори оромгоҳи Хованское Юрий Чабуев қарор қабул накардааст.
Судя Татяна Васюченко далелҳои тафтишотро начандон муътамад шумурда, қарор кардааст, ки боздошти ӯ ба 72 соат, яъне то 18 май дароз карда шавад.
Зимни ҷаласа мақомоти тафтишт дархост кардааст, ки гумонбаршуда ба ҳабс гирифта шавад, зеро даст доштани ӯ дар бетартибиҳо бо нишондоди шоҳидон тасдиқи худро ёфтааст. Ҷониби ҳимояи гумонбаршуда дархост намудааст, ки ӯ таҳти гарав ё ҳабси хонагӣ ҷавоб дода шавад, зеро ӯ шахси ҳалолкору боинсоф аст ва ҳеҷ гоҳ ба қонуншиканӣ роҳ надода, ба тафтишот ҳам монеъа эҷод карданӣ нест. Чабуев узви Шӯрои ҷамъиятии назди Кумитаи тафтишоти Русия мебошад.
Бино ба маълумоти
ТАСС
, ҷустуҷӯи иштирокчиёни занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованское аз ҷониби Кумитаи тафтишоти Русия идома дорад. «Чанде аз иштирокчиёни он дар озодӣ қарор дошта, аз мақомоти тафтишоти пешакӣ худро пинҳон медоранд», – гуфта мешавад дар қарори суд нисбати ҳабси яке аз гумонбаршудагон.
Тибқи маълумоти парванда, шахсони номаълум бо маслиҳати пешакӣ ва мақсади куштор амал кардаанд.
Хабаргузории
«Интерфакс»
қайд мекунад, ки рӯзи душанбе суд ба ҳабси ду нафар гумонбарони дигар – Вячеслав Серов ва ҳуқуқшинос Александр Бочарников ба ҳамин муҳлат иҷозат дод.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав бо иштироки ҳудуди 200 нафар занозанӣ рух дода, се нафар ҳамватанони мо ба ҳалокат расиданд. 112 нафар иштирокчиёни ҳодиса боздошт ва ба шуъбаи пулис мунтақил гардиданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, занозанӣ бар асари мубориза баҳри ба даст гирифтани назорат дар қаламрави оромгоҳ ба вуқӯъ пайвастааст.
Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав Иброҳим Аҳмадов
чанде қабл иттилоъ дод
, ки мақомоти Тоҷикистон баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои дар занозании оромгоҳи Хованское кушташудаи тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов
талаб намуд
, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.





