Маркази Душанбе як шабонарӯз беоб мемонад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки ба бинову манзилҳои воқеъ дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мешавад. Бинобар сабаби таъмири низоми обтаъминкунӣ, қатъи интиқоли об аз соати 8-и субҳи 18 май то соати 8-и субҳи 19 май сурат мегирад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки ба бинову манзилҳои воқеъ дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мешавад. Бинобар сабаби таъмири низоми обтаъминкунӣ, қатъи интиқоли об аз соати 8-и субҳи 18 май то соати 8-и субҳи 19 май сурат мегирад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, дар ин фосилаи вақт интиқоли оби ошомиданӣ ба бинову манзилҳои воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Бохтар, Мирсаид Миршакар, дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва чойхонаи «Роҳат» қатъ мегардад.

Дар ин робита раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбари КВД «Обу корези Душанбе» дастур додааст, ки бо истифода аз автомашинаҳои обкаш баҳри таъмини шаҳрвандон бо оби ошомиданӣ тадбирҳо андешанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.