Ҳукми 8 соли зиндон барои пораи дохилкунӣ ба Донишгоҳи тиббӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанберо ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 3 сол маҳкум кард. Бино ба иттилои суди ноҳияи мазкур,  сокинони шаҳри Душанбе Тоҷинисо Холова ва Ислом бо лақаби «Полковник» ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанберо ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 3 сол маҳкум кард.

Бино ба

иттилои

суди ноҳияи мазкур,  сокинони шаҳри Душанбе Тоҷинисо Холова ва Ислом бо лақаби «Полковник» ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (моддаи 247 КҶ ҶТ) гунаҳкор дониста шудаанд. Мурофиа таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷӯрабек Ширинзода баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки онҳо давоми моҳҳои январ-феврали соли 2012 ба боварии шаҳрванд Чинниев даромада, аз ӯ бо ваъдаи дохил намудани ҷияни рафиқаш ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 14 ҳазор доллари ИМА маблағ мегиранд.

Гуфта мешавад, вале онҳо ба ваъда вафо накарда, маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашонро ба манфиатҳои шахсиашон сарф мекунанд ва бо ин роҳ ба Чинниев зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд. Дар мурофиаи судӣ гуноҳи айбдошавандагон исбот шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.