Афзоиши даромади операторон сарфи назар аз коҳиши шумори корбарон

Аз оғози сол шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон тақрибан 200 ҳазор нафар ва ҳамчунин шумори истифодабарандагони алоқаи мобилӣ низ 1,3 млн. нафар кам шудааст. Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, ба аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2,8 млн. нафар (аввали сол – 3 млн. нафар)-ро […]

ASIA-Plus



Аз оғози сол шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон тақрибан 200 ҳазор нафар ва ҳамчунин шумори истифодабарандагони алоқаи мобилӣ низ 1,3 млн. нафар кам шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, ба аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2,8 млн. нафар (аввали сол – 3 млн. нафар)-ро ташкил додааст.

Давоми соли гузашта шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон қариб 800 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Дар Хадамоти алоқа сабаби чунин ҳолатро ба

«буҳрони иқтисодӣ»

нисбат дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, семоҳаи аввали соли равон шумори муштариёни алоқаи мобилӣ ба таври назаррас – 1,3 млн. нафар кам шудааст.

Тибқи маълумоти хадамоти алоқа, аввали сол шумори истифодабарандагони алоқаи модилӣ дар кишвар ба 11,2 млн. нафар (5,2 млн. нафар – муштариёни фаъол) баробар буда, аввали моҳи апрел шумори онҳо аллакай то 9,9 млн. нафар (4,9 млн. нафар – муштариёни фаъол) кам шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди ин, даромади операторон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5% афзуда, беш аз 611 млн. сомониро ташкил додааст. Дар ин давра даромади операторони хусусӣ низ 4,2% афзуда, ба 574, 3 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Семоҳаи аввали соли 2016 даромади оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва КВД «Почтаи Тоҷик» 20,6% зиёд шуда, 37,4 млн. сомониро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.