Беш аз 26 млн. $ камбуди буҷет дар семоҳаи аввал

Тӯли се моҳи аввали соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз нақша ҳудуди 205 млн. сомонӣ  камтар маблағ ворид шуд. Бино ба маълумоти фавии Вазорати молияи ҶТ, ҳаҷми умумии буҷет давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 3 млрд. 471 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 5,6% камтар аст. Ба истилоҳи дигар мақомоти молиявии ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus



Тӯли се моҳи аввали соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз нақша ҳудуди 205 млн. сомонӣ  камтар маблағ ворид шуд.

Бино ба маълумоти фавии Вазорати молияи ҶТ, ҳаҷми умумии буҷет давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 3 млрд. 471 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 5,6% камтар аст.

Ба истилоҳи дигар мақомоти молиявии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба буҷет равона кардани 3 млрд. 676 млн. сомонӣ маблағро дар нақша доштанд, вале барои ба ин нишондиҳанда расидан, тақрибан 205 млн. сомонӣ (беш аз 26 млн. $) маблағ камӣ кардааст.

Дар Вазорат камбуди буҷетро ба коҳиши ҳаҷми воридоти маблағҳои ғайриандозӣ ва ҳамчунин кам шудани даромад аз фаъолияти савдои хориҷӣ нисбат медиҳанд. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ

беш аз 10% коҳиш ёфтааст

.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2015 семоҳаи аввали имсол ҳаҷми воридоти маблағҳо аз ҳисоби андоз 8,5% (қариб 200 млн. сомонӣ) афзуда, беш аз 2 млрд. 537 млн. сомониро ташкил додаанд. Ҳиссаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби андоз дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 73%-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 26% (683 млн. сомонӣ) зиёд шуда, ҳудуди 3,3 млрд. сомониро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2016 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 18 млрд. 306 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2015 дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ ё худ 19,8% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.