Мусодираи 18 кило маводи мухаддир дар Дарвоз

Зимни як амалиёти муваффақонаи муштараки марзбонони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира шуд. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев дар ин робита иттилоъ дод, ки барои даст доштан ба интиқоли маводи мухаддир […]

Аваз Юлдошев



Зимни як амалиёти муваффақонаи муштараки марзбонони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира шуд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев дар ин робита иттилоъ дод, ки барои даст доштан ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави ВМКБ сокини 23-солаи Афғонистон Абдулбоқӣ валади Ҳоҷӣ дастгир шуда, аз ӯ 9 кило маводи мухаддири афюн ва 9 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.