Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Кувайт

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқотҳои расмии Сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.

Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, мундариҷаи санадҳои ҳамкории имзошуда, нақши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар расидан ба манфиатҳои муштарак, дурнамои неки ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори туризм, ҷалби сармояи Кувайт ба бахши хусусӣ, натиҷаҳои муносибатҳои 20 – солаи дипломатӣ ва дурнамои он низ аз мавзуъҳои мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори кувайтӣ буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни посух ба суолҳо оид ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва кишварҳои арабро анъанаҳои деринаи муносиботи нек ва равобити таърихӣ, ки аз тааллуқ доштан ба фазои ягонаи тамаддунӣ ва муштаракоти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ бармеоянд, бо ҳам зич мепайванданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва доираи соҳибкорон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дурнамои онро ояндадор ва барои кишварҳо бобарор арзёбӣ кард.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт – ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи бонк, андоз, сармоягузорӣ ва муносибот дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф метавонад бошад.

Мавриди зикр аст, ки ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки 15 май оғоз ёфт, дар васоити ахбори оммаи ин кишвари арабӣ, бахусус тавассути телевизион ва радио ба таври васеъ инъикос мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.