Оғози ҷашнвораи театрии «Нигоҳи нав» дар Душанбе

Дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт бахшида ба 80-солагии Ҳунарманди Мардумии ИҶШС Ҳошим Гадо 5-умин ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии “Нигоҳи нав” ифтитоҳ ёфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ҷашнвора аз 16 то 20-уми май идома ёфта, ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 намоиш ва дарсҳои устод-шогирдӣ манзури тамошобин хоҳад гашт. Гуфта […]

ASIA-Plus



Дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт бахшида ба 80-солагии Ҳунарманди Мардумии ИҶШС Ҳошим Гадо 5-умин ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии “Нигоҳи нав” ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ҷашнвора аз 16 то 20-уми май идома ёфта, ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 намоиш ва дарсҳои устод-шогирдӣ манзури тамошобин хоҳад гашт.

Гуфта мешавад, дар ин ҷашнвора ҳунармандони 7 театр – 4 театри Тоҷикистон, ки қаблан ба Шоҳҷоизаи ин ҷашнвора мушарраф гардида буданд иштирок карда, ҳамчунин ба сифати меҳмонон театрҳои кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ даъват шудаанд.

Ёдрас мешавад, ки ҷашнвора – озмуни «Нигоҳи нав» соли 2012 аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди шӯъбаи актёрӣ ва коргардонии ДДСТ ба номи М. Турсунзода Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Умарӣ ташкил гардида, ҳамасола дар моҳҳои апрел – май баргузор мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳадаф аз ташкили ин ҷашнвора – озмун дарёфти нигоҳи нав дар театри тоҷик ва сарҷамъ кардану кашфи истеъдодҳо дар ин соҳа дониста шудааст.

Қобили зикр аст, ки дастгирии иттилоотии ин чорабиниро радиои «Ховар», «Ватан», «Имрӯз» ва ҳамчунин васоити ахбори умуми чопиву электронии ватанӣ таъмин мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.