Муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Кувайт

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар донишгоҳ устодону донишҷуён бо самимияти хоси истиқболи меҳмонони олимақом пазироӣ карданд. Зимни ин […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар донишгоҳ устодону донишҷуён бо самимияти хоси истиқболи меҳмонони олимақом пазироӣ карданд.

Зимни ин вохӯрӣ нашри арабии ҷилди чоруми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”муаррифӣ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин китоби пурарзиши таърихӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт зери назари арабшиноси шинохта Нарзулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи Матобеъ ал – Аҳроми Кувайт чоп гардидааст.

Баъди истиқболи самимии меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи ин муассисаи олии таълимӣ ректори Донишгоҳи Кувайт доктор Ҳусейн Ансорӣ, декани факултаи адабу ҳунар доктор хонум Суод Абдулваҳод ва мудири шӯъбаи таърих доктор Ҳодӣ Носир ал-Аҷмӣ дар бораи пуштибонии чеҳраи барҷастаи сиёсии олам, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз исломи ноб дар созмонҳои бонуфузи сайёра, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, тарҷумаи китоби Қуръон ва ба мардум дастрас кардани он ва дигар талошҳо баҳри таҳкими муносибатҳои илмӣ, оид ба аҳамияти таърихии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни бою қадимаи мардуми тоҷик андешаронӣ намуданд. Баромадкунандагон дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ дар рушан кардани таърихи тоҷикон сухан карда, Сарвари давлати Тоҷикистонро ҳамчун таърихшинос ва муаррихи маъруф муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин ба ҳозирин филми кутоҳмуддати мустанад оид фарҳанги оламшумули тоҷикон, оинҳои неки наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҷаҳонишавии ин ҷашни ниёгон намоиш дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону шогирдони ин даргоҳи илм бо нутқи пурмуҳтаво баромад кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба созмондиҳандагони ин маҳфил, аз ҷумла ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кувайт ва Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёт, хусусан, мудири кулли он ҷаноби Алӣ Ювҳа арзи сипос ва қадрдонӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Нашри нави ин китоб ба забони арабӣ дар кишвари шумо нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.”

Роҳбарияти донишгоҳ ба хотири қадршиносӣ аз саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маърифат байни кишварҳо ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи Донишгоҳи Кувайт ва албоми аксу мусаввараҳои нашри Кувайт ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим карданд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ оид ба муаррифии нашри арабии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар назди донишгоҳ намоишгоҳи Тоҷикистон кушода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ намоишгоҳро ифтитоҳ намуд.

Зимни тамошои он ҳайати ҳамроҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ва намояндагони корпусҳои дипломатиии муқими Кувайт аксу мусаввараҳои табиати зебову нотакрори Тоҷикистонро тамошо карданд.

Дар намоишгоҳ барои муаррифии кишвари биҳиштосои мо гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, расму мусаввараҳои гуногуни инъикосгари таъриху тамаддун, фарҳанги оламшумули тоҷикон, меваҳои шаҳдбор ва хушкмеваҳо ва либосу асбобҳои миллӣ ташкил карда шуд.

Ҳамаи меҳмонон аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон ва муаррифии китоби  “Тоҷикон дар оинаи таърих” таассуроти нек бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.