Мусодираи 5,5 кило сангҳои қиматбаҳои ёқут аз сокини Мурғоб



Кормандони милитсия рӯзи 17 май сокини 32-солаи ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 5 килою 480 грамм сангҳои  қиматбаҳои  ёқут дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное