Таъсири обуҳавои номусоид ба маъракаи кишти пахта

Маъракаи кишти пунбадона дар Тоҷикистон идома дошта,  то ҳол он ба андозаи 88%-и нақшаи пешбинишуда ба иҷро расидааст. Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба ҳолати 14 май пунбадона дар майдони ҳудуди 165 ҳазор гектар кишт шудааст. То охири маърака кишти ин зироат дар майдони умумии ҳудуди 188 ҳазор гектар ба нақша гирифта […]

ASIA-Plus



Маъракаи кишти пунбадона дар Тоҷикистон идома дошта,  то ҳол он ба андозаи 88%-и нақшаи пешбинишуда ба иҷро расидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба ҳолати 14 май пунбадона дар майдони ҳудуди 165 ҳазор гектар кишт шудааст. То охири маърака кишти ин зироат дар майдони умумии ҳудуди 188 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, аз ҷумла тақрибан дар 1,4 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах дар назар аст.

Имсол маъракаи кишти пахта дар Тоҷикистон расман нимаи моҳи март оғоз гардида, хоҷагиҳои пахтакор ният доштанд, ки онро то нимаи моҳи май ба охир расонанд, аммо обуҳавои номусоид ба амалисозии ин нақшаҳо имкон надод.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 160 ҳазор гектар кишт шуда, дар маҷмӯъ ба даст овардани наздики 390 ҳазор тонна ҳосил дар назар буд, лекин ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна ҳосил муяссар шуд, ки аз нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар аст.

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ кам шудани ҳаҷми истеҳсоли пахтаро ба коҳиши арзиши ин маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, мушкилоти марбут ба дастрасӣ ба об, нархи баланди нуриҳои минералӣ ва дигар сабабҳо нисбат дода буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.