Идомаи таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар ҳоле ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои хориҷи наздик рӯ ба коҳиш дорад, афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон идома дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, тӯли 4 моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро […]

ASIA-Plus



Дар ҳоле ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои хориҷи наздик рӯ ба коҳиш дорад, афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон идома дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, тӯли 4 моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 баробар зиёдтар аст.

Ҳамчунин имсол болоравии ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон бо Озарбойҷон (2,8 баробар), Молдова (15%) ва Туркманистон (1,7%) ба қайд гирифта шудааст.

Бо 6 кишвари дигари боқимондаи ИДМ поинравии ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба бо Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, давоми 4 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Украина ба андозаи 57,5%, Қирғизистон – 35,4%, Арманистон – 28,7%, Беларус – 24,7%, Русия – 19,9% ва Қазоқистон – 10,6% коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, тайи моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 14,4% кам шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.