Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону БАОР дар Душанбе

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 17 май дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати ин бонк Максим Коржов дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқоти созанда оид ба масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои моливу бонкӣ ва дигар соҳаҳои фаъолият […]

ASIA-Plus



Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 17 май дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати ин бонк Максим Коржов дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқоти созанда оид ба масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои моливу бонкӣ ва дигар соҳаҳои фаъолият табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо рафти амалисозии барномаҳои муштарак ва ҳамчунин масъалаҳои расонидани кумаки молӣ ва техникӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии молиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд шуд, ки тамоми тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат, бахши хусусӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва табодули таҷриба миёни кишварҳои минтақа дар сатҳҳои гуногун ва тарзҳои қобили қабул, ки ба рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат карда метавонанд, таваҷчуҳи хосса зоҳир гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.