Эмомалӣ Раҳмонро аз Кувайт бо эҳтироми самимӣ гусел карданд

Баъди анҷоми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 май ба Ватан баргашт. Хадамоти матбуоти сарвари давлат ба таври хосса зикр мекунад, ки дар анҷоми сафар бо нишони эҳтироми самимӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар […]

ASIA-Plus



Баъди анҷоми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 май ба Ватан баргашт.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат ба таври хосса зикр мекунад, ки дар анҷоми сафар бо нишони эҳтироми самимӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ал-Кувайт гусел намуд.

Маросими расмии гусели меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор гардида, ба ин хотир ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ саф оростанд.

Зимни сафари навбатӣ ба ин кишвари арабӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлат ва роҳбарони воломақоми Кувайт мулоқоту суҳбатҳои судманд доир намуда, масоили рушди муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ карданд.

Аз руи натичаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои ду кишварро дар сиёсати хориҷӣ, амният, илму маориф, нақлиёт ва иқтисодию кишоварзӣ муайян мекунад.

Дар маҷмуъ байни ду кишвар 17 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки бахшҳои гуногунро дар бар гирифта, барои тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни ду кишвар заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Инчунин дар давоми ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону тоҷирони кувайтӣ имконияту захираҳои мавҷуда ва фазои мусоиди сармоягузориеро, ки Ҳукумати кишвар барои амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ муҳайё кардааст, пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла иштироки ширкатҳои кувайтӣ дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди туризм тамоми таклифу дархости онҳоро меомӯзад ва дастгирӣ менамояд.

Мулоқоти хубу хотирмони дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Давлатии Кувайт бо устодону донишҷуён оид ба нашри арабии китоби чоруми “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги бою қадимаи халқи тоҷик доир намуд. Олимони Донишгоҳи Давлатии Кувайт Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сиёсатмадори маъруфу чеҳраи шинохтаи сиёсии олам, балки ҳамчун муаррихи барҷаста эътироф намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.