Тасаллияти президент ба наздикони кушташудагон дар оромгоҳи Маскав

Ҷасадҳои се шаҳрванди Тоҷикистон: Ризоев Иноятулло Қаноатович, соли таваллудаш 1978, Хушаков Суҳроб, соли таваллудаш 1994, Собиров Сайнуриддин соли таваллудаш 1974, сокинони шаҳри Роғуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 14-майи соли 2016, аз тарафи гурӯҳҳои авбошон дар натиҷаи муноқиша дар қабристони Хованскии шаҳри Москва ба ҳалокат расидаанд, бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва идораву […]

ASIA-Plus


Ҷасадҳои се шаҳрванди Тоҷикистон: Ризоев Иноятулло Қаноатович, соли таваллудаш 1978, Хушаков Суҳроб, соли таваллудаш 1994, Собиров Сайнуриддин соли таваллудаш 1974, сокинони шаҳри Роғуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 14-майи соли 2016, аз тарафи гурӯҳҳои авбошон дар натиҷаи муноқиша дар қабристони Хованскии шаҳри Москва ба ҳалокат расидаанд, бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва идораву сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ

ба Ватан оварда шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вобаста ба қазияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди тафтиш қарор дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дар фурудгоҳи пойтахт бо наздикону пайвандони фавтидагон вохӯрда, ба онҳо тасаллият изҳор намудааст.

Рӯзи сешанбе сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ иттилоъ дод, ки аз 110 нафар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар робита ба ин қазия 87 нафар раҳо шуда, 10 нафар тоҷикистониён то ҳанӯз дар муассисаҳои тиббӣ бистарианд. Се тан аз онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Ӯ қайд кард, ки ҳангоми санҷишҳо мавридҳои поймолкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти пулис ба мушоҳида нарасидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.