Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси парлумони Қазоқистон Бактикожа Измухамбетов бо хоҳиши ӯ дидору гуфтушунид кард.
Бино ба
иттилои
дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуда, омодагии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманд бо Қазоқистон дар риштаи маъданҳои кӯҳӣ, металургияи ранга, энергетика ва коммуникатсия изҳор шуд.
Истифода аз таҷрибаи қонунофарии ду кишвар аз мавзуъҳои дигари мулоқот буда, таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвари мустақили Тоҷикистону Қазоқистон дар тӯли 25 соли истиқлолияти худ ба таҷрибаи бисёр нодир даст ёфтаанд ва истифода аз ин таҷрибаҳо ба нафъи парлумонҳои Душанбе ва Остона мебошад.
Раиси парлумони Қазоқистон дар навбати худ изҳор дошт, ки кишвараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дӯстони асосӣ ва муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми фурсатҳо истифода хоҳад кард. «Тоҷикистон дар Осиёи Маркази яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки бо Қазоқистон хеле дустии самимию холисона дорад ва мо ин нуқтаро хеле қадрдони менамоем», иброз дошт Бактикожа Измухамбетов.
Дар мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба вазъи ҷаҳон ва минтақа, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, масъала доир ба такмили фаъолияти дуҷонибаи Фонди сармоягузории мустақим, таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар бахши маълумоти олӣ ва мавзӯи квотаҳои ҳарсола барои ҷавонони кишвари мо ибрози назар карда шуд.



