Ҳ.Бишчевич: Чаро бархе Иттиҳоди Аврупоро «душмани» Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд?

Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон рӯзи 19 май аз гирдиҳамоии гурӯҳе дар рӯ ба рӯи дафтари ин ниҳод дар Душанбе изҳори ҳайрат кард. Ҳидоят Бишчевич дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, эътирозгарон метавонанд фикру назарҳои мухталиф ва ҳаққи ақидаи худро дошта бошанд, “вале намоиши эътирозӣ дар муқобили як сохтори дипломатии хориҷӣ қобили қабул […]

Радиои Озодӣ



Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон рӯзи 19 май аз гирдиҳамоии гурӯҳе дар рӯ ба рӯи дафтари ин ниҳод дар Душанбе изҳори ҳайрат кард.

Ҳидоят Бишчевич дар сӯҳбат бо

Радиои Озодӣ

гуфтааст, эътирозгарон метавонанд фикру назарҳои мухталиф ва ҳаққи ақидаи худро дошта бошанд, “вале намоиши эътирозӣ дар муқобили як сохтори дипломатии хориҷӣ қобили қабул нест.”

Ӯ гуфтааст: “Намехоҳам дар бораи сабабҳои ин ҳодиса ҳадс бизанам. Вале тарзи ҷамъ омадани ин афрод каме тааҷҷубовар буд. Раҳбарии ин эътирозро чанд зани солхӯрда ба ӯҳда дошт, ки хеле таблиғ мекарданд ва ҳамроҳи онҳо чанд писари ҷавоне буд, ки шояд донишҷӯ буданд. Барои ман ин чиз тааҷҷубовар буд. Онҳо пайваста ҳаяҷон эҷод мекарданд.”

Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо қайд кардааст, ки ҷамъомадагон бовар доштанд, ки баъзе раҳбарони мухолифин дар Аврупо ҳастанд. Аммо ӯ гуфт, “дар ин сурат дафтари Иттиҳоди Аврупо бояд макони охирин барои баргузории чунин намоишҳои эътирозӣ бошад. Мо масъули ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ нестем. Иттиҳоди Аврупо маконе нест, ки қаҳру ғазаб аз раҳбарони собиқи оппозитсиюн бар сари он рехта шавад. Ин сиёсати Иттиҳоди Аврупоро баъди ҳодисаҳои ҳамсон ман ба мақомоти тоҷик ҳам шарҳ дода будам. Мусалламан, мо мухотаби ингуна эътирозҳо нестем.”

Ҳидоят Бишевич изҳори ҳайрат кардааст, ки бо назардошти суръати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо, мизони кумакҳое, ки ба Тоҷикистон мерасонанд, “чаро бархе Иттиҳоди Аврупоро ба истилоҳ “душмани” Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд?”

«Давоми се соли охир ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо хеле хуб пеш меравад, ва ин ҳам дар ҳоле ки ин ниҳод аз мушкилоти Тоҷикистонро дар бахши ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии баён, озодии мазҳаб огаҳӣ дорад», – гуфтааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 19 май як гурӯҳи занони тоҷики либоси азодорӣ  пӯшида ва ҷавонон рӯзи 19 май назди дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Душанбе

гирдиҳам омада

, аз дипломатҳои аврупоӣ тақозо карданд, ки «хиёнаткорони ватан» ба ихтиёри Тоҷикистон дода шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.