Гумонбарии сокини Панҷакент ба муомилоти пулҳои қалбакӣ



Дар ошхонаи “Равшанҷон”-и назди истгоҳи роҳи оҳани шахри Хуҷанд рӯзи 21 май кормандони милитсия зани 46-солаи сокини шаҳри Панҷакентро бо гумони тайёр кардан, ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, дар вақти азназаргузаронии ҳамёни зан аз дохили он 9-адад купюраҳои қалбакии бонки Русия, ҷамъ ба маблағи умумии 45 ҳазор дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо гумонбар маълум гардидааст, ки ӯ ин маблағҳоро соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон овардааст.

spot_imgspot_img

Популярное