Ҳудуди 95% ҷонибдори тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии маъракаи Раъйпурсии умумихалқии санаи 22 майро эълон кард. Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки сатҳи ҳузури интихобкунандагон дар маъракаи Раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ 92%-ро ташкил додааст. «Дар маъракаи раъйпурсӣ 4 млн. 38 ҳазору 183 нафар […]



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии маъракаи Раъйпурсии умумихалқии санаи 22 майро эълон кард.

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки сатҳи ҳузури интихобкунандагон дар маъракаи Раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ 92%-ро ташкил додааст.

«Дар маъракаи раъйпурсӣ 4 млн. 38 ҳазору 183 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок карданд, ки аз 4 млн. 401 ҳазору 516 шаҳрвандони аз ҷониби КМИР бақайдгирифта ҷиҳати иштирок дар ин маърака 92%-ро ташкил медиҳад», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи раиси КМИР, аз ин шумор ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 3 млн. 477 ҳазору 183 нафар ва мухолифи он 134 ҳазору 171 нафар шаҳрвандони овоз додаанд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон мутаносибан 94,5% ва 3,3%-ро ташкил медиҳад.

«Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ аз ҷониби шаҳрвандони дар ин маърака иштироккарда ва ҳамчунин нозирон ба КМИР ҳеҷ шикояте ва ё аризае пешниҳод нашудааст», – изҳор дошт Худоёрзода.

Зимнан раиси КМИР Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар барои иштироки фаъолонаашон дар ин маърака миннатдорӣ изҳор намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.