Оғози пардохти маоши мизоҷони «Тоҷиксодиротбонк»

Аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки чанд рӯзи охир мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии бонк, акнун муштариён имкон доранд, ки аз бинои Сарбонк дар доираи меъёри муайян маблағҳои худро дарёфт намоянд. Гуфта […]

ASIA-Plus



Аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки чанд рӯзи охир мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии бонк, акнун муштариён имкон доранд, ки аз бинои Сарбонк дар доираи меъёри муайян маблағҳои худро дарёфт намоянд.

Гуфта мешавад, маъмурияти муваққатии Тоҷиксодиротбонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар марҳалаи аввал пардохти маблағҳои музди меҳнат ва амонатҳои муҳлаташон поёнёфтаи муштариёнро таъмин хоҳад кард.

Тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс» дар ин робита, дар дафтари асосии кории бонк (ошёнаи дуюм) мизоҷон бояд як тартиби муайяни бақайдгириро анҷом дода, сипас онҳо метавонанд дар ҳаҷми то 200 сомонӣ пули нақд гиранд.

Қобили зикр аст, ки «Тоҷиксодиротбонк» яке аз бонкҳои бузургтарини ҷумҳурӣ шуморида шуда, аз оғози соли равон ба мушкилоти молӣ дучор шуд ва ин ба бонк имкон намедиҳад, ки хизматгузориҳояшро бо мизоҷони худ дар ҳаҷми пурра анҷом диҳад.

Қаблан 

иттилоъ дода будем

, ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда 

маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

Сарфи назар аз ба мушкилот дучор шудани яке аз бонкҳои низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» дар хизматгузорӣ ба мизоҷон аз оғози сол, эътимод ба низоми бонкии Тоҷикистон

устувор арзёбӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.