Душанбе дар сафи «бистгона»-и шаҳрҳои номуносиби дунё

Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба феҳристи 33 шаҳри дунё бо сифати пасттарин барои кору зиндагӣ шомил шуд. Ширкати консалтингии Mercer рӯйхати 450 шаҳри саросари дунёро таҳия намуда, портали иттилооти инсайдерии ҷаҳон – Business Insider аз миёни онҳо 33 шаҳри бадтаринро интихоб намудааст. Ба иттилои ин манбаъ, дар феҳристи 33 бадтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои кору зиндагӣ […]



Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба феҳристи 33 шаҳри дунё бо сифати пасттарин барои кору зиндагӣ шомил шуд.

Ширкати консалтингии

Mercer

рӯйхати 450 шаҳри саросари дунёро таҳия намуда, портали иттилооти инсайдерии ҷаҳон –

Business Insider

аз миёни онҳо 33 шаҳри бадтаринро интихоб намудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар феҳристи 33 бадтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои кору зиндагӣ Душанбе миёни пойтахтҳои Бангладеш ва Нигерия – Дакка ва Абуҷей дар зинаи 19-ум қарор гирифтааст.

«Камбизоатӣ ва камбуди энергия дар маҷмӯъ барои шаҳр ва кишвар мушкилоти бузург мебошанд. Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ огоҳ месозад, ки бинобар сабаби зербинои нокофӣ, роҳандозии тиҷорат дар он ҷо душвор аст», – қайд мекунад

Business Insider

зимни муаррифии Душанбе.

Дар ин феҳрист ҳамчунин пойтахтҳои Қирғизистону Туркманистон ва Ӯзбекистон низ ҷойгиранд, ки мутаносибан Бишкек – зинаи 21-ум, Ашқобод – 23-юм ва Тошканд – мақоми 26-умро ишғол кардаанд.

Шаҳри бадтарини ҷаҳон барои кору зиндагӣ Бағдод (Ироқ) номида шуда, дар даҳгонаи аввал ҳамчунин шаҳрҳои Банги (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ), Сано (Яман), Порт-о Пренс (Гаити), Хартум (Судон), Нҷамена (Чад), Димишқ (Сурия), Киншаса (Ҷумҳурии Демократии Конго) ва Конакри (Гвинея) ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, ҳангоми баррасии 450 шаҳри саросари ҷаҳон Merser нишондиҳандаҳои зеринро ба инобат мегирад: муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ, вазъи иқтисод, муҳити иҷтимоиву фарҳангӣ, ҷанбаҳои тиббӣ ва солимӣ, мактабу маориф, хизматгузории коммуналӣ ва нақлиёт, макони истироҳат, истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ, шароити иқомат, муҳити зист ва ғайра.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.