Обама марги пешвои Толибонро аз зарбаи ҳавоии ИМА тасдиқ кард

Президенти Иёлоти Мутатҳидаи Амрико Барак Обама кушта шудани пешвои ҳаракати тундгарои «Толибон» Ахтар Мансурро бар асари зарбаи ҳавоии нерӯҳои кишвараш тасдиқ намуд. «Мо пешвои ташкилотеро, ки ҳамроҳ бо гурӯҳҳое чун «Ал-Қоида» амалҳояшро мувофиқа кардаву ба тарҳрезии суиқасду ҳамла ба нерӯҳои амрикоӣ ва қувваҳои ҳарбии эътилоф ва ҳамчунин роҳандозии ҷанг алайҳи мардуми афғон идома медод, аз […]



Президенти Иёлоти Мутатҳидаи Амрико Барак Обама кушта шудани пешвои ҳаракати тундгарои «Толибон» Ахтар Мансурро бар асари зарбаи ҳавоии нерӯҳои кишвараш тасдиқ намуд.

«Мо пешвои ташкилотеро, ки ҳамроҳ бо гурӯҳҳое чун «Ал-Қоида» амалҳояшро мувофиқа кардаву ба тарҳрезии суиқасду ҳамла ба нерӯҳои амрикоӣ ва қувваҳои ҳарбии эътилоф ва ҳамчунин роҳандозии ҷанг алайҳи мардуми афғон идома медод, аз байн бурдем», – овардааст изҳороти президенти ИМА-ро хабаргузории 

РИА «Новости»

бо истинод ба агентии Agence France-Presse.

Сарвари давлати ИМА ҳамчунин қайд кардааст, ки марги пешвои ҳаракати «Толибон» «марҳилаи муҳим» дар талоши расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон аст.

Тибқи иттилои қаблӣ, пешвои ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон мулло Ахтар Мансур яқинан зимни зарбаҳои ҳавоии ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар марзи Афғонистону Покистон кушта шудааст. Хадамоти махсуси Афғонистон низ кушта шудани Мансурро тасдиқ кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.