«Корвони тиҷоратии Покистон» ба Душанбе омад



Як ҳайати сершумори тоҷирону соҳибкорони Покистон ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварданд.

Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, ки дар доираи ин сафар дар Душанбе намоишгоҳи дурӯзаи «Корвони тиҷоратии Покистон», «Ҷашнвораи МАНГО», форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Рӯзҳои 24-25 май дар меҳмонхонаи «Ҳайят Риҷенси» намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои соҳаҳои саноати сабук, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмон, доруворӣ, сарулибосу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар маҳсулоти Покистон баргузор шуда, миёни соҳибкорону тоҷирони покистониву тоҷик дидору гуфтушунидҳо гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Покистон ҳаҷми савдо бо Тоҷикистонро тавсеъа бахшида, он ба афзоиши ҳаҷми муомилоти дуҷониба мусоидат кард. Соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аллакай соли 2014 ҳаҷми он то ба 89 млн. доллари ИМА расид.

spot_imgspot_img

Популярное