Мушкилоти «Тоҷиксодиротбонк» ба эътимоди мизоҷон ба бонкҳо таъсир накард

Сарфи назар аз ба мушкилот дучор шудани яке аз бонкҳои низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» дар хизматгузорӣ ба мизоҷон аз оғози сол, эътимод ба низоми бонкии Тоҷикистон устувор арзёбӣ мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар низоми бонкии ҷумҳурӣ раванди муътадили пасандозгузорӣ идома дорад. Бино ба иттилои манбаъ, бақияи амонатҳо дар […]



Сарфи назар аз ба мушкилот дучор шудани яке аз бонкҳои низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» дар хизматгузорӣ ба мизоҷон аз оғози сол, эътимод ба низоми бонкии Тоҷикистон устувор арзёбӣ мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар низоми бонкии ҷумҳурӣ раванди муътадили пасандозгузорӣ идома дорад.

Бино ба иттилои манбаъ, бақияи амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар охири моҳи апрели соли 2016 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22,4% афзуда, 9,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

«Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ 16,03 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 10,62 фоизи солонаро ташкил менамоянд», – таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.

Қобили зикр аст, ки «Тоҷиксодиротбонк» яке аз бонкҳои бузургтарини ҷумҳурӣ шуморида шуда, аз оғози соли равон ба мушкилоти молӣ дучор шуд ва ин ба бонк имкон намедиҳад, ки хизматгузориҳояшро бо мизоҷони худ дар ҳаҷми пурра анҷом диҳад.

Қаблан 

иттилоъ дода будем

, ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

«Тоҷиксодиротбонк» ба БАТР харидории 50%-и саҳмияҳои бонкро пешниҳод намуд, ки ҳаҷми сармояи умумии он 80 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда

маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.