Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ҷавононро табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакатро бо Рӯзи ҷашнашон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, табрик кард. «Дар арафаи ҷашни 25 – солагии истиқлолияти давлатӣ шумо созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик менамоям», – омадааст дар паёми телевизионии сарвари давлат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон. Дар паёми телевизионии сарвари давлат зикр […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакатро бо Рӯзи ҷашнашон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, табрик кард.

«Дар арафаи ҷашни 25 – солагии истиқлолияти давлатӣ шумо созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик менамоям», – омадааст дар паёми телевизионии сарвари давлат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон.

Дар паёми телевизионии сарвари давлат зикр мегардад: «Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред».

«Шумо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот мебошед, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кӯшишу талошҳои пайвастаатон мақоми ҷавонони кишварамонро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азизамон қарор доред», – қайд мешавад дар паём.

Гуфта мешавад, ҳукумати кишвар ба нерӯи тавонои ҷавонон эътимод дошта, пешниҳоду ибтикороти онҳоро дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.

«Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ҳукумат то ба имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст», – изҳор мешавад дар паём.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.

«Бовар дорам, ки шӯрои мазкур барои густариши фаъолияти ҷавонон заминаи устувор фароҳам оварда, ҳар як ибтикори шоистаи онҳоро ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон пуштибонӣ мекунад», – таъкид мешавад дар паёми сарвари давлат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".