Исломобод ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо оид ба имзои Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ бо Тоҷикистону Афғонистон умедвор аст.
Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро имрӯз ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон гуфтушунидҳои сеҷониба идома дошта, ҷониби Покистон «ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо дар ояндаи наздик хеле умедвор аст».
Дар робита ба ихтилофи назар дар мавриди ҳамроҳ шудани Ҳиндустон ба ин созишнома, дипломати покистонӣ изҳор намуд, ки ба ҷуз Ҳиндустон, дигар кишварҳо низ ба он ҳамроҳ шуданианд.
«Аммо нахуст имзои ин санад аз ҷониби Покистону Тоҷикистон ва Афғонистон пешбинӣ шуда, танҳо баъди он метавон ҳамроҳшавии дигар кишварҳо ба онро баррасӣ намуд», – қайд кард Тариқ Иқбол Сомро.
Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба имзои Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ миёни Покистону Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2013 идома доранд.
Тоҷикистон ба имзои созишнома омода аст, аммо Афғонистон пешниҳод дорад, ки Ҳиндустон ҳам ба он ҳамроҳ карда шавад, лекин ба ин пешниҳод Покистон қотеъона розӣ нест.
«Бинобар сабаби мухолифатҳои дипломатӣ бо Ҳиндустон, Покистон ин пешниҳодро комилан қабул надорад ва ба ҳеҷ гунае дар ин масъала гузашт карданӣ нест», – навишта буд нашрияи покистонии
Express Tribune
моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод.
Дар назар аст, ки имзои созишнома ба Тоҷикистон баҳри раҳёбӣ ба бандарҳои баҳрӣ тариқи Афғонистону Покистон шароит фароҳам оварда, Исломобод тавассути Кобул ба бозорҳои Осиёи Марказӣ имкони дастрасӣ пайдо хоҳад кард.



