Дар созишномаи транзитӣ Покистон алҳол Тоҷикистону Афғонистонро қабул дорад

Исломобод ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо оид ба имзои Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ бо Тоҷикистону Афғонистон умедвор аст. Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро имрӯз ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон гуфтушунидҳои сеҷониба идома дошта, ҷониби Покистон «ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо дар ояндаи наздик хеле умедвор аст». Дар робита ба ихтилофи […]

ASIA-Plus



Исломобод ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо оид ба имзои Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ бо Тоҷикистону Афғонистон умедвор аст.

Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро имрӯз ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон гуфтушунидҳои сеҷониба идома дошта, ҷониби Покистон «ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо дар ояндаи наздик хеле умедвор аст».

Дар робита ба ихтилофи назар дар мавриди ҳамроҳ шудани Ҳиндустон ба ин созишнома, дипломати покистонӣ изҳор намуд, ки ба ҷуз Ҳиндустон, дигар кишварҳо низ ба он ҳамроҳ шуданианд.

«Аммо нахуст имзои ин санад аз ҷониби Покистону Тоҷикистон ва Афғонистон пешбинӣ шуда, танҳо баъди он метавон ҳамроҳшавии дигар кишварҳо ба онро баррасӣ намуд», – қайд кард Тариқ Иқбол Сомро.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба имзои Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ миёни Покистону Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2013 идома доранд.

Тоҷикистон ба имзои созишнома омода аст, аммо Афғонистон пешниҳод дорад, ки Ҳиндустон ҳам ба он ҳамроҳ карда шавад, лекин ба ин пешниҳод Покистон қотеъона розӣ нест.

«Бинобар сабаби мухолифатҳои дипломатӣ бо Ҳиндустон, Покистон ин пешниҳодро комилан қабул надорад ва ба ҳеҷ гунае дар ин масъала гузашт карданӣ нест», – навишта буд нашрияи покистонии

Express Tribune

моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод.

Дар назар аст, ки имзои созишнома ба Тоҷикистон баҳри раҳёбӣ ба бандарҳои баҳрӣ тариқи Афғонистону Покистон шароит фароҳам оварда, Исломобод тавассути Кобул ба бозорҳои Осиёи Марказӣ имкони дастрасӣ пайдо хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.