Дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 23 май Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Мушовараи муштарак икр гардид, ки ҳамкориҳо дар самтҳои мубориза бо экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар соҳаи кофтукови ҷинояткорон ва шахсони бедарак гумшуда, ташхиси криминалистӣ, ошкор ва тафтишоти ҷиноятҳо ва инчунин тайёр намудани кадрҳои баландихтисос фаъолона амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷаласаи Мушовараи якҷоя масъалаҳои ҳамоҳангсозии муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия зимни ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки дар ҳудуди ҳарду кишвар содир шудаанд, мукаммал намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, ошкор ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2017 баррасӣ гардида, аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар тасдиқ карда шуд.
Сипас бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколтсев Владимир Александрович, барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо медали «Милитсияи Тоҷикистон» мукофотонида шуд.
Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколтсев Владимир Александрович ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар сатхи баланд, саъю кӯшиш дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, бо Фармони худ ӯро бо медали «Барои ҳамбастагии низомӣ» (За боевое содружество) қадрдонӣ намуд.
Дар интиҳо оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Мушовараи якҷоя Нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазирони ҳарду кишвар баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба аҳамияти хоса дошта, барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, шахсони дар кофтуков қарордошта ва дигар ҷиноятҳои муташаккил мусоидат менамояд.





