Вохӯрии С.Аслов бо вазири корҳои хориҷии Чин дар Тошканд

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд рӯзи 23 май вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин   Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти суҳбати самимона тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин ва […]



Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд рӯзи 23 май вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин   Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти суҳбати самимона тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, илмию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.