Имкони ҳамкории Тоҷикистону Арабистону Саудӣ дар содироти оби ошомиданӣ



Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Шўрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот намуд.

Бино ба

иттилои

АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни мулоқот баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ омодагӣ изҳор гардида, қайд шуд, ки соли гузашта ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба 588 ҳазор доллари ИМА расид ва ин нишондиҳанда ба имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат ҷавобгӯ буда наметавонад.

Зикр гардид, ки бахши  гидроэнергетика ва сармоягузории соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз соҳаҳои ҷолиб ва умедбахш ба шумор меравад.  Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Саудӣ даъват намуд, ки дар татбиқи лоиҳаи гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон ва сохтмони хаттҳои интиқоли барқ иштирок намояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки «то  ҷойе огоҳӣ дорем, Арабистони Саудӣ мушкили оби ширину мусаффои ошомиданӣ дорад».  «Кишвари мо дорои захираҳои фаровони оби тоза аст, ки ҳама аз кўҳҳо ва чашмаҳо ибтидо мегирад. Ба назари мо ду кишвар метавонанд дар соҳаи  содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намоянд», – гуфт ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мо аз 9 санад иборат аст ва дар баррасии ду тараф лоиҳаҳои чанд созишнома қарор доранд. Изҳори умедворӣ менамоем, ки ин санадҳо бо кӯшишҳои ҳарду тараф дар наздиктарин фурсат ва шароити муносиб имзо хоҳанд шуд.

Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни  Иброҳим оли Шайх  таъкид намуд, ки Арабистони Саудӣ кӯшиш мекунад, ки дар оянда муносибатҳои иқтисодиву кишоварзии Тоҷикистону Саудиро тақвият бахшад, зеро дар сиёсати Саудӣ роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тағйироти ҷиддӣ сурат гирифтааст.  Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни  Иброҳим  оли Шайх бо таваҷҷуҳ  ба рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир шумораи бештари шаҳрвандони Саудӣ хоҳиши дидани Тоҷикистон ва ба роҳ андохтани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла туризм изҳор менамоянд. 

spot_imgspot_img

Популярное