Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 24 май таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Андреас Пешке машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти машваратҳо роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои […]



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 24 май таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Андреас Пешке машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти машваратҳо роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, маориф, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, авлавиятҳои раисии Олмон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назари судманд сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳои афзалиятноке, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Олмон мусоидат хоҳанд кард, омодагӣ изҳор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.