Дар шаҳри Душанбе рӯзи 24 май таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Андреас Пешке машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти машваратҳо роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, маориф, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, авлавиятҳои раисии Олмон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назари судманд сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳои афзалиятноке, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Олмон мусоидат хоҳанд кард, омодагӣ изҳор намуданд.





