Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба омодакунии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон
қарор
ба имзо расонид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, раҳбарии ситоди мазкур ба дӯши муовини аввали раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов вогузор гардида, ба ҳайати он муовинони соҳавии раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳои дахлдор шомил шуданд.
Бо дастури раиси пойтахт, ҷаласаҳои ин ситод то 15 октябр як маротиба дар як ҳафта рӯзҳои ҷумъа, аз 15 октябр то 1 декабр – 2 маротиба дар як ҳафта доир гардида, аз 1 декабри соли равон то 15 марти соли 2016 ҷаласаҳои ситод ҳамарӯза гузаронида мешаванд.



