Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳат дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла консертҳои ройгони устодони санъати кишвар баргузор мегарданд.
Бино ба
иттилои дафтари матбуоти
мақомоти шаҳрдории Душанбе, консерти ҳунармандони кишвар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», «Боғи устод Рӯдакӣ» ва майдони «800-солагии Маскав» гущзаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, масъулияти ташкили чунин барномаҳои фарҳангӣ ва консертҳо ба дӯши муовинони раиси пойтахт ва раисони ноҳияҳои шаҳр вогузор шудааст.





