Арабистони Саудӣ ба сохтмони маҷмааи парлумонии Тоҷикистон маблағ медиҳад

Мутобиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, соли равон бо ибтикори шоҳи Арабистони Саудӣ барои сохтмони маҷмааи бинои парлумонӣ дар Душанбе воситаҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Ин нукта зимни мулоқоти раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни […]



Мутобиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, соли равон бо ибтикори шоҳи Арабистони Саудӣ барои сохтмони маҷмааи бинои парлумонӣ дар Душанбе воситаҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Ин нукта зимни мулоқоти раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх зикр гардид. Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ бо сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ изҳори назар кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори итминон кардааст, ки тавассути таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ, барои татбиқи амалӣ ва ҳадафноки созишномаҳои баимзорасида дар сатҳи байнидавлатӣ замина муҳайё мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки раиси парлумони Арабистони Саудӣ Маҳмадсаид Убайдуллоевро даъват кардааст, ки дар ҳама гуна вақти барояш қулай ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом диҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.