Эмомалӣ Раҳмон ниятҳои неки раҳбарияти Арабистони Саудиро қайд кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 25 май бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх мулоқот карда, зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 25 май бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх мулоқот карда, зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат аз ниятҳои неки роҳбарияти сатҳи олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ин қадршиносию таваҷҷуҳи бесобиқа дар оянда ба тавсеа ва рушди робитаю муштаракоти безаволу таърихии ду давлати ба ҳам дӯст мусоидат хоҳанд кард.

Зимни сӯҳбати пурмуҳтаво ва созанда ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла тавофуқоти таъсиси Кумитаи муштараки дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, рушду густариши ҳамкории баманфиат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маърифат ва фарҳанг, хусусан фаъолгардонии кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо бо таъкиди муҳимияти иқдомҳои башардӯстона аз дастгирию кӯмакҳои фаврии ҷониби Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббиӣ ва идомаи ин тадбирҳои хайрхоҳона аз ҷониби Маркази байналмилалии кӯмакҳои инсондӯстонаи Шоҳ Салмон ёдовар шуданд.

Президенти Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ба тавсеаи робитаҳои созандаи миёни кишварҳо, рушди босуботи ҳамкорӣ, аз натиҷаҳои самарабахши сафарҳо ба сарзамини муқаддаси Арабистони Саудӣ изҳори қаноат намуд.

Робитаҳои минбаъдаи байнипарлумонӣ дар рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба ба ҳайси як унсури таркибии маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо басо муҳим арзёбӣ гардид.

Мавзӯи дигари суҳбат адои маносики ҳаҷ ва умра аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон буд ва Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зоирини тоҷик изҳори сипос намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ҷиноятҳои ба дини поки ислом иснодоваранда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.