Кормандони милитсия сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи 23-солаи яке аз донишгоҳҳои кишварро ба гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, гумонбаршуда дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароитҳо фароҳам оварда, аз ду ҷуфти занону мардон дар маҷмӯъ 260 сомонӣ маблағ гирифтааст.
Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.





