Тавсияи иҷораи техникаи кишоварзии «Тоҷикагролизинг»

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба деҳқонони ҷумҳурӣ харидории техникаи кишоварзии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-ро тавсия медиҳад. Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Вазорати кишоварзии ҶТ қайд мешавад, ки моҳи майи соли ҷорӣ «Тоҷикагролизинг» аз Русия ба ҷумҳурӣ 15 адад комбайнҳои ғалладаравии тамғаи «Нива-Эффект» ворид кард. «Хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ метавонанд, тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) бо пешпардохти […]



Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба деҳқонони ҷумҳурӣ харидории техникаи кишоварзии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-ро тавсия медиҳад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Вазорати кишоварзии ҶТ қайд мешавад, ки моҳи майи соли ҷорӣ «Тоҷикагролизинг» аз Русия ба ҷумҳурӣ 15 адад комбайнҳои ғалладаравии тамғаи «Нива-Эффект» ворид кард.

«Хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ метавонанд, тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) бо пешпардохти 30 фоизи нархи аслӣ комбайнҳои мазкурро харидорӣ намоянд», – зикр мегардад дар маълумоти Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки чане қабл ширкати “Ростселмаш”-и Русия баъди ғолибият дар тендери давлатӣ аввалин комбайнҳои ғалладаравро ба Тоҷикистон

ирсол кард

, ки ин комбайнҳо имсол бо пуштибонии “Тоҷикагролизинг” ба даст оварда шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки қаблан КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар бораи харидории 20 адад комбайнҳои ғалладарави навъҳои «Палессе GS812» ва «Нива эффект» аз корхонаҳои «Гомселмаш» (Беларус) ва «Ростселмаш» (Русия) низ

иттилоъ дода буд.

«Комбайнҳои ғалладарав бар асоси лизинг ба муҳлати 6 сол бо пешпардохти на камтар аз 30%-и арзиши аслӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода мешаванд», – қайд гардида буд дар маълумоти корхона. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.