Интиқоди раиси парлумон аз фаъолияти ВКХ Тоҷикистон



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар мавриди омодаву таҳиясозии асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатӣ ӯ қайд кард, ки аз ҷониби идораи сиёсати хориҷии кишвар лоиҳаи қонун «Дар бораи шартномаҳои байнулмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «ғайриҳирфаӣ ва бо забони на ба ҳама кас фаҳмо» таҳия шудааст.

Ба андешаи Ш.Зуҳуров, яқинан ин лоиҳаи қонун ғайрикасбӣ аз дигар забонҳои ҷаҳон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ё ба истилоҳ нусхабардорӣ шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби ваиклон пурра мавриди таҳрир қарор гирифтааст.

Ӯ аз муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Музаффар Ҳусейнзода, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, дархост намуд, ки эродҳои ӯро ба раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ расонанд ва пас аз ин вакилон лоиҳаи қонуни зикршударо дастгирӣ намуданд.

Ба гуфтаи Музаффар Ҳусейнзода, қонуни қабулшуда ба ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ нигаронида шуда, дар он тартиби омодакунӣ, баимзорасонӣ, амалисозӣ, иҷрои муваққатӣ ва мониторинг (пайгирӣ)-и созишномаҳои байнулмилалӣ, ки ба он Тоҷикистон ҳамроҳ мешавад, пешбинӣ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное