Кумаки гурӯҳи «Любе» барои табобати ду муҳоҷири тоҷик



Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 май сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо ҳунарпешаи мардумии Россия Николай Расторгуев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар русия, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба рушд ва тақвияти робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳо ва халқҳоямонро, ки робитаҳои таърихии дерина доранд, баррасӣ намуданд. Чи тавре маълум аст, Ширкати продюсерии Николай Расторгуев фаъолияти башардӯстонаро низ анҷом медиҳад ва ба беморони вазнин, ки аз ҷиҳати молиявӣ маҳдуд мебошанд, кумак мерасонад.

Дар рафти вохӯрӣ сафири Тоҷикистон хосатан фаъолияти башардӯстонаи Николай Расторгуевро қайд карда, барои расонидани кумаки ӯ, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Аз ҷумла, бо кӯшишҳои муштараки сафорат ва Ширкати продюсерии Николай Расторгуев ба ду ҳамватани мо барои гузаронидани муолиҷаи бемории вазнини миопия ва ҷароҳати таъҷилии дил кумак расонида шуд.

Сафир қайд кард, ки : “ Кумаки расонидаи шумо ба одамони муҳтоҷ нишонаи башардӯстии воло мебошад ва бояд намунаи ибрат ба он шахсоне бошад, ки имконияти кумакро доранд, вале фориғболӣ менамоянд”.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Николай  Расторгуев ба сафири Тоҷикистон мунтахаби осорҳои мусиқиашро тақдим намуд.

spot_imgspot_img

Популярное