Кумаки гурӯҳи «Любе» барои табобати ду муҳоҷири тоҷик

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 май сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо ҳунарпешаи мардумии Россия Николай Расторгуев дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар русия, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба рушд ва тақвияти робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳо ва халқҳоямонро, ки робитаҳои таърихии дерина доранд, баррасӣ […]



Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 май сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо ҳунарпешаи мардумии Россия Николай Расторгуев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар русия, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба рушд ва тақвияти робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳо ва халқҳоямонро, ки робитаҳои таърихии дерина доранд, баррасӣ намуданд. Чи тавре маълум аст, Ширкати продюсерии Николай Расторгуев фаъолияти башардӯстонаро низ анҷом медиҳад ва ба беморони вазнин, ки аз ҷиҳати молиявӣ маҳдуд мебошанд, кумак мерасонад.

Дар рафти вохӯрӣ сафири Тоҷикистон хосатан фаъолияти башардӯстонаи Николай Расторгуевро қайд карда, барои расонидани кумаки ӯ, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Аз ҷумла, бо кӯшишҳои муштараки сафорат ва Ширкати продюсерии Николай Расторгуев ба ду ҳамватани мо барои гузаронидани муолиҷаи бемории вазнини миопия ва ҷароҳати таъҷилии дил кумак расонида шуд.

Сафир қайд кард, ки : “ Кумаки расонидаи шумо ба одамони муҳтоҷ нишонаи башардӯстии воло мебошад ва бояд намунаи ибрат ба он шахсоне бошад, ки имконияти кумакро доранд, вале фориғболӣ менамоянд”.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Николай  Расторгуев ба сафири Тоҷикистон мунтахаби осорҳои мусиқиашро тақдим намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.