Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 27 май лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо»-ро дастгирӣ кард.
Зимни шарҳи қонун ба вакилон директори Маркази миллии масоили минаи Тоҷикистон Муҳаббат Иброҳимзода қайд кард, ки тайи 20 соли ахир аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард 374 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок ва 485 нафар тоҷикистониён ҷароҳат бардоштаанд. «Дар ҷараёни безараргардонии минаҳо 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд», – гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки дар ин давра дар Тоҷикистон 16,3 километри мураббаъи қаламрав аз мина поккорӣ ва ҳудуди 56 ҳазор мина ва 41 кило маводи тарканда безарар шудаанд. «Айни замон дар кишвар қаламрави андозааш 10,3 ҳазор километри мураббаъ, асосан дар ноҳияҳои тобеи марказ ва қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон аз мина безарар гардонида нашудаанд», – иброз дошт номбурда.
Дар посух ба саволи Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир ба мушкилоти поккории мина дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, М. Иброҳимзода зикр кард, ки то ҳалли масъалаи таъйину аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳаллу фасли мушкилоти мазкур ғайриимкон аст.
Ғайр аз ин, М.Иброҳимзода таъкид дошт, ки то ҳол Ӯзбекистон ба ҳайати кишварҳои узви Конвенсияи Оттава оид ба минаҳои зиддипиёдагард ҳамроҳ нашудааст.





