Иҷозати бимаи ҳатмӣ ба ширкатҳои хусусии суғуртавӣ

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 27 май лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод изҳор дошт, ки дар қонуни нав дар баробари ширкатҳои давлатии суғуртавӣ, ба дигар ширкатҳо ҳам сарфи назар аз шакли […]



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 27 май лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод изҳор дошт, ки дар қонуни нав дар баробари ширкатҳои давлатии суғуртавӣ, ба дигар ширкатҳо ҳам сарфи назар аз шакли моликияташон барои машғул шудан ба суғуртаи ҳатмӣ иҷозат дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан танҳо ширкатҳои давлатӣ ҳуқуқи иҷозат ба суғуртаи ҳатмӣ доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.