Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқия ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия гуфта шудааст: «Аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам. Аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, бародари гиромӣ, шифои комил хоҳонам».
«Умедворам, ки аз бистари беморӣ ба ҳаёти рӯзмарраи худ ҳарчӣ зудтар қадам ниҳода, фаъолияти сермасъули хешро баҳри рушду шукуфоии беш аз пеши кишвари дӯсти Покистон бо нерӯи тоза идома хоҳед дод», – омадааст дар барқия.



