Марги 500 қочоқбар дар марзҳои Тоҷикистон тайи 22 сол

Тайи 22 соли мавҷудияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта солгарди навбатии таъсисёбиаш ҷашн гирифта шуд, дар сарҳадоти кишвар барои риоя накардани реҷаи назорати сарҳад беш аз 16 ҳазор нафар марзшиканон дастгир шудаанд. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин давра марзбонони тоҷик дар […]



Тайи 22 соли мавҷудияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта солгарди навбатии таъсисёбиаш ҷашн гирифта шуд, дар сарҳадоти кишвар барои риоя накардани реҷаи назорати сарҳад беш аз 16 ҳазор нафар марзшиканон дастгир шудаанд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин давра марзбонони тоҷик дар сарҳад 450 амалиёти махсус гузаронида, 350 маротиба бо марзбонон ба муқовимати мусаллаҳона пардохтаанд ва тайи 22 сол дар марзҳои Тоҷикистон 500 қочоқбар кушта ва 400 нафар қочоқбарон боздошт шудаанд.

Тӯли ин солҳо марзбонони тоҷик 25 тонна маводи мухаддир, 1500 адад силоҳи оташфишон ва 308 ҳазор дона муҳимоти ҷангиро дарёфту мусодира намуда, нисбати марзшиканон 560 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин давра зиёда аз 600 нафар хатмкардагони Омӯзишгоҳи олии сарҳадии ҷумҳурӣ, ки соли 2011 таъсис дода шуд, ба сафҳои афсарони марзбони Тоҷикистон пайваста, имрӯз дар ин омӯзишгоҳ беш аз 500 нафар афсарони оянда ва боз 260 нафар афсарони ояндаи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.