Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон рӯзи 1 июн Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Раҷабмоҳ Бадридинова ба муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, зимни ташриф Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагон, ҳамзамон аз шароити будубош аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
«Бо сардори муассиса, омӯзгорон ва кормандони муассиса суҳбатҳои алоҳида баргузор шуда, бо иштироки кӯдакон чорабинии фарҳангӣ доир гардид», – омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавсияҳои худро ҷиҳати беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ ба роҳбарияти муассиса пешниҳод намуд.





