Вохӯрии нави Э.Раҳмон ва И.Каримов дар Тошканд – умедҳои тоза

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштироки худ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки рӯзҳои 23-24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир мегардад, тасдиқ намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, айни замон масъалаи ташкили вохӯрии дуҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштироки худ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки рӯзҳои 23-24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир мегардад, тасдиқ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, айни замон масъалаи ташкили вохӯрии дуҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи нишасти СҲШ дар Тошканд мавриди таҳия ва ҳаллу фасл қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ, президенти Тоҷикистон ба вохӯрӣ бо сарвари давлати Ӯзбекистон дар Тошканд омодагӣ изҳор намудааст.«Имрӯз қариб ҳеҷ касе шубҳа надорад, ки ин вохӯрӣ доир мегардад ва Ислом Каримов омодагии президенти Тоҷикистон ба баргузории вохӯрии дуҷонибаро нодида намегирад», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба беш аз 100 созишномаву шартномаҳои дуҷониба асос ёфтааст, ки аз соли 1992 то ба ҳол ба имзо расидаанд.

Тайи 15 соли ахир муносибатҳо миёни кишварҳо дар сатҳи начандон хуб қарор дошта, аз моҳи сентябри соли 2014 пас аз мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Душанбе дар чаҳорчӯби нишасти СҲШ, он рӯ ба беҳбудӣ овард.

Ислом Каримов яке аз нахустин сарони кишварҳо буд, ки президенти Тоҷикистонро бо пирӯзии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ табрик гуфт. Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда Ислом Каримовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии моҳи марти соли равон табрик кард.

Моҳи июни соли гузашта пас аз 6 соли танаффус дар шаҳри Тошканд ҷаласаи III Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доир гардид.

Давоми солҳои 2014-2015 бори нахуст тайи солҳои ахир дар муносибатҳои тиҷоратӣ миёни давлатҳо тамоили мусбат ба мушоҳида расид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо беш аз 13 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 9,2% зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки 10 сол қабл қариб 10% аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба ҳиссаи Ӯзбекистон рост меомад. Он замон Ӯзбекистон пас аз Нидерланд ва Русия ба сегонаи асосии шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил буд. Соли 2005 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикиситон ва Ӯзбекистон қариб 220 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷониба миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.