Мақомоти тафтишоти Русия боздоштшудагон – директори қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав Юрий Чабуев ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарниковро ба ташкили муноқиша ва куштор айбдор карданд. Дар ин бора нашрияи «Коммерсантъ» иттилоъ медиҳад.
Тибқи фарзияи Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия, хоҳиши Чабуев ҷиҳати зери назорат гирифтани тоҷикон, ки дар он ҷо ғайриқонунӣ фаъолият доштанд, ба занозанӣ сабаб шудааст.
Дар Раёсат бар ин назаранд, ки директори ормогоҳ бо мақсади тамаъҷӯӣ мехост муҳоҷиронро «ба додани қисмате аз даромадашон ё қатъ кардани фаъолият» маҷбур намояд.
Нашрия менависад, Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав содир шудани ин ҳодисаро «куштори ду ё зиёда одамон, ки бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон содир шудааст» ва ҳамчунин «авбошӣ» (қ. 2, моддаи 105 ва қ. 2, моддаи 213 КҶ Русия) арзёбӣ намуда, ба Юрий Чабуев ва Александр Бочарников дар «ташкили» (қ. 3, моддаи 33 КҶ Русия) содир кардани ин ҷиноятҳо айбнома пешниҳод кардааст.
Аммо бо манбаъи наздик ба мақомоти тафтишот саҳеҳ карда мешавад, ки дар парванда иҷрокунандагон ҳузур надоранд: ба 12 нафар боқимонда иштирокчиёни занозанӣ, ки боздошт шудаанд, танҳо дар авбошӣ айбнома пешниҳод шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.
Чанд рӯз қабл мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия
нисбати панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон
, ки дар ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав иштирок кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия
дар ин робита изҳор намуд
, ки баҳри ҳимояи 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нисбаташон дар робита ба ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, мусоидат мекунад.





